ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон вобаста ба даргузашти Давлатманд Холов ба наздикони ӯ изҳори ҳамдардӣ баён намуда аз саҳми бисёр арзишманди ӯ дар рушди санъати овозхонӣ ёдрас шуд.
Ёдовар мешавем, шаби 18 феврали соли 2024 сароянда ва оҳангсози маъруфи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Ҳофизи халқии Ӯзбекистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, роҳбари ансамбли давлатии "Фалак" дар назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Давлатманд Холов баъд аз бемории тӯлонӣ дар синни 74-солагӣ даргузашт.
Президенти кишвар саҳми бисёр арзишманди Давлатманд Холовро дар рушди санъати овозхонӣ, махсусан, сурудҳои халқӣ ва жанри "Фалак" таъкид намуда, ба аҳли оила ва наздикону пайвандони ӯ ҳамдардии амиқ баён намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш бинобар даргузашти Давлатманд Холов раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ изҳори ҳамдардӣ баён карда буд.
Маросими видоъ бо ҳунарманд дар манзилаш ва намози ҷанозаи ӯ дар собиқ масҷиди марказӣ доир мешавад.
Давлатманди Хол 26‑уми октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин)-и вилояти Хатлон дар оилаи ҳунарманд ба дунё омадааст.
Мавсуф дорандаи унвонҳои Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбакистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, Орденҳо "Шараф", "Дӯстӣ" буд.
Холов аз соли 2004 ҳудуди 20 сол аз замони таъсиси ансамбли давлатии "Фалак"-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон онро раҳбарӣ мекард.
Ӯ сабки хоси сурудхонӣ дошт, ки дар дили ҳаводорон бо ҳамон усул ҷо шуда буд.