Тилофурӯшии бонкҳои Тоҷикистон: Ҳадаф чист?

Аҳолӣ дар Тоҷикистон метавонанд сабикаҳои тилоии 5 то 100-граммиро харидорӣ намоянд, ки соли 2023 ба маблағи қариб 88 млн сомонӣ тило дастрас кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон зоҳиран азм дорад, таъминоти пули миллиро аз ҳисоби тило фароҳам созад.
Ин нуктаро раҳбари Клуби таҳлилии АвруОсиё Никита Мендкович, дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт.
Дар Тоҷикистон Бонки миллӣ ва чанде аз бонкҳои дигар ба аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ сабикаҳои тиллоӣ мефурӯшанд, ки ба гуфтаи бонкдорон ҳеч маҳдудияте дар ин самт ҷой надорад. Ҳаҷми фурӯши сабикаҳо дар соли гузашта ба 88 млн сомонӣ баробар шудаст, иттилоъ дод раёсати Бонки миллии кишвар.
Таҳлилгар Никита Мендкович мегӯяд, ин иқдом барои устувории пули миллӣ дар Тоҷикистон мусоидат карда, вобастагӣ аз доллари амрикоиро коҳиш медиҳад.
Раванди истихроҷи тило дар "Талко Голд" - видео
Яъне агар барои устуворӣ зарурати коҳиши пули миллӣ дар гардиш пеш ояд, онро на аз тариқи иваз бо доллари амрикоӣ балки ба ивази тило дар гардиш камтар мекунанд. Ин ба он далел хуб аст, ки тило таҳти назорати ИМА нест, мегӯяд таҳлилгар.
Вай афзуд, ки дар равияи ҷаҳонӣ ду шеваи нигоҳдорӣ аст, ки аҳолӣ ва ширкатҳо метавонанд тилои харидаашонро дар бонкҳо нигоҳ доранд ё дар хона.
Таъкид гардид, ки иқдоми Бонки миллӣ метавонад барои дастгирии пули миллӣ ва ҷилавгирӣ аз афзоиши таваррум мусоидат намояд.