ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Русия афзоиши ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо шарикони тиҷоратӣ бо асъори миллӣ, аз ҷумла рубли русиро идома медиҳад.
Айни замон дар доираи ИИАО ҳиссаи пардохтҳои мутақобила бо асъори миллӣ ба 90% расидааст. Ба ҳисоби КИАО, аз ҷумла миёни Русия ва Беларус – 97%, Русия ва Арманистон – 90,3%, Русия ва Қирғизистон – 88%, Русия ва Қазоқистон ба 75% расидаст.
Соли 2023 дар доираи БРИКС низ истифодаи пулҳои миллӣ бештар шуда, ҳиссаи онҳо дар пардохтҳои мутақобила тақрибан 85%, аз ҷумла байни Русия ва Чин зиёда аз 90%-ро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол пардохтҳо бо доллар дар Тоҷикистон низ кам ва рубли Русия зимни ҳисоббаробаркуниҳо афзоиш ёфта истодаанд, изҳор дошт ахиран раиси Бонки миллии кишвар, Фирдавс Толибзода. Ҳисоббаробаркуниҳо бо шарикони тиҷорӣ, аз ҷумла Русия ба гуфтаи ӯ бо рубл тамоюли афзоиш дорад.
Пештар коршиносон ҳушдор дода буданд, ки истифодаи доллар аз сӯи ИМА ҳамчун фишор боиси заиф шудани мавқеи ин асъор мегардаду василаҳои алтернативии пардохт пайдо хоҳанд шуд.
Дар шароити таҳриму фишорҳо Душанбе ва Маскав зимни додугирифт ҳисоббаробаркуниҳоро бо рубли Русия афзоиш додаанд. Тоҷикистон соли гузашта ба сатҳи рекордӣ, беш аз 8,3 млрд доллар тиҷорати хориҷӣ доштаст, ки беш аз панҷяки он ба Русия рост меояд.
Гардиши молии мутақобила миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2023 рекордшикан шуда, аз 1,7 млрд доллар гузаштаст, ки қариб 21%-и савдои умумиро ташкил медиҳад.