ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Муаррихи тоҷик Ғафур Шерматов бо ордени Дӯстӣ мукофотонида шуд.
Вай бо фармони раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ин мукофотро гирифтааст.
"Барои хизматҳояш дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳо ба Ғафур Ашӯрович Шерматов мукофотонида шавад", — гуфта мешавад дар матни ҳуҷҷате, ки дар вебсайти Кремл нашр шудааст.
Муаррих аз Душанбе бо таҳқиқи мероси меъмории шӯравӣ ва ҷустуҷӯи маълумоти гумшуда дар бораи низомиёни саршиноси Русия ва Тоҷикистон, олимон ва ҳунармандон маъруф аст.
Скан приказа Путина о награждении Шерматова
© Sputnik
Ғафур Шерматов - номзади илмҳои таърих, раҳбари гурӯҳи ҷустуҷӯии ёдбудии "Памят-201" ё худ "Хотира - 201" мебошад, ки дар назди пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон фаъолият долрад.