“Ба ақл рост намеояд” – шарҳи вазир дар бораи табобат дар хориҷа

Вазорати тандурустӣ ва ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омори табобати шарҳвандони Тоҷикистон дар Ӯзбекистонро шарҳ доду онро ғайри қобили бовар хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев - Sputnik. Агентии омори Ӯзбекистон соли равон эълон кард, ки 43,2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар муассисаҳои тиббии ин кишвар табобат гирифтаанд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин рақаме, ки гуфта мешавад, ба ақли кас рост намеояд.
“Ҳеҷ имкон надорад, ки беш аз 43 ҳазор нафар аз Тоҷикистон барои табобат ба як кишвар рафта бошад. Агар ин арқом аз ҳамон гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба даст омада бошанд, бояд дуруст баррасӣ шавад”, - гуфт Абдуллозода.
Вай афзуд, аксарият вақте аз марз мегузаранд, ҳадафи сафари худро “ташхис” ё “табобат” унвон мекунанд ва ҳамон ҷо сабти ном мекунанду гузашта мераванд, аммо ин сабти омор мешавад.
“Дар асл эҳтимол дорад, ки онҳо барои тиҷорат рафтаанд ё тариқи он кишвар ба ягон кишвари дигар аз роҳи замину ҳаво сафар кардаанд. Ин дақиқ нест”, - гуфт вазир.
Рӯзи 11 январи соли равон Агентии омори Ӯзбекистон дар канали телеграми худ хабар дод, ки дар соли 2023 дар умум, ба Ӯзбекистон 61,3 ҳазор нафар хориҷӣ табобат гирифтаанд, ки беш аз 70%-ро шаҳрвандони Тоҷикистон (43,2 ҳазор нафар) ҳастанд.
Вазир: муҳоҷирати табибон аз Тоҷикистон ба хориҷа кам шудаст
Вазири тандурустии Тоҷикистон дар шарҳи ин мавзуъ, ки сарусадо ба миён овард, гуфт, тибби Тоҷикистон қафомонда нест, балки бархе соҳаҳое ҳастанд, ки дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя чанд зина пеш аст.
“Аз 224 ҷарроҳии мураккабе, ки мо гузарондем, 54 мариз аз давлатҳои хориҷа буданд”, - гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.
Вай афзуд, мавориди хосе ҳастанд, масалан, сармутахассиси вазорат ба мо муроҷиат мекунад, ки мариз табобатнашаванда аст ва мехоҳад дар хориҷ табобат гирад.
“Мо монеа шуда наметавонем, зеро фарзанд аст ё волидайн, шахси азизи инсон аст ва инсон ба ин хотир, ки дасти кам қаноати виҷдони худро ҳосил ва қарзашро пеши наздикаш адо кунад, дилашро таскин диҳад, қасд мекунад, ки дар давлати дигар низ бахташро санҷад”, - гуфт вай.
Дар идома вазир гуфт, онҳое низ ҳастанд, ки шароит доранд ва ҳатто барои чура (грижа), ки ҳатто як ҷарроҳи ҷавон дар Тоҷикистон амалиёти онро метавонад анҷом диҳад, ба хориҷа мераванд.
“Ё ҷарроҳии геморойро дар Тоҷикистон мешавад ба 570 сомонӣ анҷом дод, аммо он гуна ба мо маълум аст, афроде ҳастанд, ки ба хориҷа рафтанду ба 5 то 10 ҳазор сомонӣ ҷарроҳӣ карданд”, - гуфт Абдуллозода.
Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар соли 2023 дар муассисаҳои тиббии кишвар 896 ҳазору 696 нафар бистарӣ шудаанд, ки аз ин шумора 314 ҳазору 896 нафар ҷарроҳӣ шудаанд ва фақат дар 13 муассисаи ҷумҳуриявӣ, ки дар Душанбе фаъолият доранд, 40 ҳазору 628 ҷарроҳӣ анҷом шудааст.