Маълум шуд, ки ба Тоҷикистон чанд сайёҳ омаду чӣ қадар фоида оварданд

Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон дар ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2023 эълон намуд, ки тайи ин муддат аз кишвар шаҳрвандони 121 давлати дунё боздид намудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Соли 2023 аз Тоҷикистон беш аз 1,25 млн сайёҳ боздид кардаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 20% бештар мебошад.
Дар ин бора раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи умумии сайёҳон зиёда аз 92%-ашонро шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил медиҳанд. Ин ниҳод мегӯяд, тайи ин муддат дар маҷмуъ аз ҷумҳурӣ шаҳрвандони 121 давлати дунё боздид намудаанд.
Дар садри феҳраст, аз рӯи теъдоди сайёҳон Ӯзбекистон қарор дорад, ки 806 ҳазор шаҳрвандаш давоми сол ба Тоҷикистон омадаанд.
Дидори беш аз 27 ҳазор сайёҳ аз мавзеъҳои зебои Гулистон
Шумораи сайёҳон аз Русия низ қариб ду баробар зиёд шуда, ба беш аз 262 ҳазор нафар расидааст ва баъди Ӯзбекистон дар зинаи дуюм қарор дорад.
Дар соли 2022 шумораи сайёҳоне, ки аз Русия ворид шуданд, 136,1 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбати соли 2021-ум 3,3 маротиба зиёд арзёбӣ шуда буд.
Инчунин аз Қазоқистон дар соли 2023 беш аз 31,5 ҳазор аз Тоҷикистон боздид намудаанд, ки наздики 32% дар қиёс бо соли қаблӣ зиёд аст.
Сайёҳон аз Чин дар Тоҷикистон қариб 5 баробар зиёд шуда, ба 13 ҳазор нафар расидаанд.
Панҷгонаи аввали кишварҳоро аз рӯи теъдоди сайёҳонаш дар Тоҷикистон, Туркия ҷамъбаст намудаст, ки қариби 11 ҳазор шаҳрвандаш ба сайёҳат омадаанд.
Дар мавриди даромади иқтисоди Тоҷикистон аз сайёҳӣ, Кумитаи соҳавӣ таъкид намуд, ки ҳар сайёҳ ба ҳисоба миёна 335 доллар сарф кардааст.