ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла Русия, бунёди чанд корхонаи нав дар назар аст.
Дар ин бора Нигорахон Ғаффорзода, раиси шаҳри Бӯстон дар нишасти хабарии ҷамъбастӣ ба суоли Sputnik Тоҷикистон посух дод.
Ба гуфтаи вай, иҷрои ин тарҳи бузурги саноатӣ дар авохири соли гузашта оғоз шуда, дар панҷ соли оянда дар чанд марҳила анҷом хоҳад ёфт.
"Дар назар аст, ки барои бунёди чанд корхонаи нав 50 миллион доллар маблағгузорӣ карда, сармоягузорони рус дар татбиқи ин лоиҳа саҳмгузор бошанд", - гуфт раиси шаҳр.
Ба гуфтаи вай, дар марҳилаи аввал фаъол шудани ду корхона дар назар аст, ки ҳардуи онҳо дар моҳи марти соли ҷорӣ ба истифода дода мешаванд.
Инҳо корхонаҳои истеҳсоли пойафзол ва металл, хусусан ванадий мебошанд.
Ҳардуи ин коргоҳ дар сохтори корхонаи "Фулузоти Нодири Тоҷикистон" ба фаъолият шурӯъ мекунанд.
Раиси ноҳияи Бӯстон қайд кард, ки дар сурати амалӣ шудани чунин барномаҳои рушди саноат шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин гардида, суръати пур кардани буҷети шаҳр афзоиш меёбад.
Корхонаи "Фузулоти Надири тоҷик" (собиқ "Востокредмет") дар замони шӯравӣ соли 1944 таъсис ёфта, ба истихроҷ ва коркарди маъданҳои дорои уран машғул буд. Ин корхона базаи хуби моддию техникй дорад.
Ба гуфтаи намояндагони ҳукумати Бустон, ҳоло дар шаҳр 54 корхонаи саноатӣ мавҷуд аст, ки зиёда аз 50 намуди маҳсулот истеҳсол мекунанд.
Дар соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла хизматрасонии обрасонӣ ва барқ ба маблағи 673 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ин рақам дар муқоиса бо соли 2022 59% афзоиш ёфтааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон ба 46,8 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2022 12% бештар аст.
Ҳиссаи асосии истеҳсолоти саноатӣ ба саноати кӯҳӣ, саноати хӯрокворӣ, барқ ва сохтмон рост меояд.