ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Муколамаи сиёсӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дилпурона инкишоф меёбад.
Дар ин бора Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия дар шарҳи натоиҷи рушди равобит дар соли 2023 бо кишварҳои узви ИДМ изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, ҳамкориҳои ду кишвар ба бахшҳо ва самтҳои мухталиф таъсир кардааст.
Вай таъкид кард, ки ҳамкориҳои судманд ба динамикаи гардиши молҳои мутақобила таъсири мусбат расонд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2023 як ҳайати бузурге аз Тоҷикистон, ки ба он роҳбарони вазорату идораҳо шомил буданд, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар ба Маскав рафта буданд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот дар сатҳи олӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар ҳузури сарони давлатҳо Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон як қатор созишномаҳои муҳим ба имзо расид.
Ҳуҷҷатҳо ба соҳаҳои энергетика, саноат, сайёҳӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, муҳоҷират, илм, амният ва ёддошт дар бораи шарикии дарозмуддати иқтисодӣ низ ба имзо расид.
Тавре аз дафтари матбуоти намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Душанбе қаблан хабар дода буд, содироти коло аз Тоҷикистон ба Русия дар соли 2023 беш аз 134 миллион долларро ташкил додааст. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта 52,7% зиёд аст.
Русия дар ин давра бештар маҳсулоти хӯрокворӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ, маҳсулоти саноати кимиёвӣ ва металлургия, пахта ва нахи онро харидааст..
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дар қатори 5 макони машҳуртарини сайёҳӣ барои русиягиҳо қарор дорад. Сафар ба ин кишварро 7,3% сайёҳон интихоб мекунанд.