Даромади кишварҳои ИИАО афзуд

Дар саросари кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё афзоиши назарраси нархҳои истеҳсолкунандагон дар саноати маъдан ба мушоҳида мерасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Шохиси нархҳои истеҳсоли саноатӣ дар ИИАО 117,4 % ташкил дод. Дар ин бора Комиссияи иқтисодии Авруосиё хабар додааст.
Дар муқоиса бо моҳи декабри соли 2022, афзоиши назарраси нархҳои истеҳсолкунандагон дар саросари иттиҳод дар соҳаҳои истихроҷи маъдан ба қайд гирифта шудааст. Афзоиш 36,5 % ташкил дод.

Дар баробари ин, нархҳои истеҳсолкунанда дар саноати коркард 13,5% афзоиш ёфтанд, таъкид кардааст Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
"Дар бахшҳои таъмини барқ, газ, буғ арзиши 7,6 % афзоиш ёфтааст", - хабар медиҳад дафтари матбуоти комиссия.
Дар ҳоле ки аз рӯи намуди фаъолият "обтаъминкунӣ, канализатсия, назорат ба ҷамъоварӣ ва тақсими партовҳо" 7 % ташкил медиҳад, хулоса кардааст ташкилот.
Дар Молдова хостори наздикӣ бо ИИАО шуданд
Ёдовар мешавем, ки дар охири соли гузашта сарони кишварҳои “панҷгона”-и Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё эъломияеро дар бораи рушди минбаъдаи равандҳои иқтисодӣ дар доираи ИИАО барои дарозмуддат имзо карданд, ки номи "Роҳи иқтисодии АвруОсиё"гирифт.