Дар Молдова хостори наздикӣ бо ИИАО шуданд

Ба гуфтаи вакил наздикӣ бо ИИАО, ба ҳеҷ ваҷҳ ба вазъияти иқтисодиёт ва мақоми номзадии Молдова ба Иттиҳодияи Аврупо таъсир намерасонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Молдова бояд ба наздикшавӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шурӯъ кунад.
Дар ин бора вакили мухолифи парлумони ҷумҳурӣ Ирина Лозован дар Telegram-каналаш навиштааст.
Дар соли 2023 Кишинёв даҳҳо созишнома бо ИДМ-ро бекор кард ва аз ҷумла, порлумони Молдова хуруҷи он аз ПАА ИДМ-ро тасдиқ кард.
"Ҳафтаи равон Молдова аз Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ (ИА ИДМ) хориҷ мешавад. Вақти он аст, ки ба наздикшавӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) шурӯъ кунем, бахусус дар ҳоле, ки ҷумҳурӣ дар доираи ин созмон кишвари нозир аст", - навиштааст Лозован дар канали Telegram-и худ.
Ба гуфтаи вай, ин иқтисоди Молдоваро наҷот хоҳад дод.
Вакил қайд кард, ки манфиати иштирок дар ИИАО барои Молдова аз ташкили ҷойҳои нави кор, барқарор намудани саноати роҳи оҳан, барқарор намудани корхонаҳо дар минтақаҳои мамлакат иборат аст.
"Зарур аст, ки аз воситаҳои воқеии ҳамгироӣ ва ҳамкории иқтисодӣ, ки имрӯз мо дорем, истифода барем, на дар ояндаи дури хаёлӣ", - таъкид кард Лозован.
Ӯ гуфта, ки ғайр аз ин, алоқаҳои ҷамъиятии байни мамлакатҳои аъзои иттиҳод бомуваффақият инкишоф меёбанд, бе ҳеҷ ваҷҳ ба вазъияти иқтисодиёт ва мақоми номзад ба Иттиҳодияи Аврупо таъсир намерасонанд.
Молдова аз соли 2022 ба ҷаласаҳои ИДМ ва ИИАО, ки дар он нозир аст, ширкат намекунад.
Ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ҳоло Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия шомиланд.