ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навтаъйин дар Вазорати корҳои дохилии кишварро ба хизмати содиқона ва ҳамкории бештар бо мардум дар самти таъмини тартиботу амният даъват намудаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, аз ҷумла бо қарорҳои ҳукумат, Ғайратшо Муборакшозода муовини вазири корҳои дохилӣ ва Насуриён Пӯлод Асадулло сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ таъйин гардидаст.
Манбаъ афзуд, ки инчунин сардорони 25 бахши вазорати корҳои дохилӣ аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба, масъулиятшинос ва дорои касбияти баланд таъин гардиданд.
Аз ҷумла сардорони Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Рӯшону Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иваз шудаанд.
Инчунин сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, ноҳияҳои Кушониён, Дӯстӣ, Носири Хусрав ва Ёвони вилояти Хатлон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб таъйин шудаанд.
Сардорони раёсатҳои кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, таъминоти моддӣ-техникӣ, разведка, тиббӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқ, раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона низ иваз гардидаанд.
Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва нақлиёти вилояти Суғд ва ноҳияи Шаҳристон низ сардорони нав доранд.