СПАД барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон маблағ ҷудо мекунад

Дар таҳия ва тасдиқи Барномаи мақсадноки байнидавлатии СПАД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон як гурӯҳи кории махсус таъсис дода шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Барномаи мақсадноки байнидавлатии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон дар авоили моҳи март баргузор мешавад.
Дар ин бора Виктор Василев, намояндаи вижаи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар умури СПАД дар мусоҳиба бо РИА "Новости" изҳор дошт.
Вай гуфт, ки мутахассисони гурӯҳи корӣ бояд авлавиятҳо, маблағҳои заруриро барои таҳкими марз ва механизмҳои маблағгузорӣ муайян кунанд.
Дар баробари ин таносуби тақсимоти хароҷот дар байни ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон муайян карда мешавад.
"Ҳам вақт ва ҳам ҳаҷми маблағе, ки барои татбиқи ин барнома зарур аст, аз ин вобаста хоҳад буд", - шарҳ дод ӯ.
СПАД гуфт, иқдомоти таҳрикомез дар марзҳои кишварҳои узвро қабул надорад
Ба гуфтаи Василев, ҷониби Русия интизор дорад, ки мутахассисон "дар ҳалли ин масъалаи хеле мушкил, вале барои амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим пешрафт хоҳанд кард".
Қаблан Имангалӣ Тасмагамбетов, дабири кулли СПАД хостори таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон шуда буд.
Ба гуфтаи ӯ, хатари густариши фаъолияти террористӣ дар марзҳои ҷанубии минтақаи масъулияти созмон боқӣ мемонад.
Вай ҳамчунин ба таҳдидҳои афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва қочоқи ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир таъкид кард.