ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Ҳаҷми қарзи беруна даркишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) 18% коҳиш ёфт.
Дар маҷмӯъ, ин маблағ 119,7 млрд доллар кам шудааст.
Дар ин бора маводи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО) шаҳодат медиҳанд.
Қарз дар Русия 26,8 фоиз, дар Белоруссия 11,7 фоиз кам шуд.
Дар ҳамин ҳол, қарз дар Арманистон 9,5%, дар Қазоқистон 0,8% ва дар Қирғизистон 8,2% афзоиш ёфтааст.
То 1 октябри соли 2023 дар Арманистон, Беларус ва Қирғизистон қарзи давлатӣ, дар Қазоқистон қарзи байни ширкатҳо ва дар Русия қарзи дигар бахшҳо бартарӣ доранд.
Қаблан Маскав аз кишварҳои ИДМ даъват карда буд, ки пардохтҳоро бо пули миллӣ афзоиш диҳад. Чунин чораҳо бояд дар мисоли ИИАО дар пасманзари таҳримҳои Ғарб андешида шаванд, гуфт муовини вазири корҳои хориҷии Русия Александр Панкин дар ҷаласаи намояндагони доимии ИДМ.
Ба гуфтаи ӯ, иқдомоти аввалиндараҷаи рафъи маҳдудиятҳо гузаштан ба ҳисоббаробаркуниҳо бо рубли русӣ ва пули миллии кишварҳои дӯст буд.