Мансурӣ муовини сарвазиру Қодирзода аз Кумита рафъ: Боз киҳо таъйину барканор шуданд

Фармонҳои таъйину барканориҳои кадрҳои нав аз ҷониби раисҷумҳур имзо гардида барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури қарору фармонҳо имрӯз 29 январ боз дар ҳайати ҳукумат тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Ҳамин тариқ бо фармони ӯ, Мансурӣ Дилрабо Сайдулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Фармон дар ин бораро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо кард.
Мансурӣ, ки аз соли 2015 вакили парлумон аст, аз соли 2020 то ҳол ноиби раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буд.
Вай дар мақоми муовини сарвазир, Матлуба Сатториёнро иваз намуд.
Сатториён бошад, бо фармони раисҷумҳури кишвар ба вазифаи вазири фарҳанги кишвар таъйин шуда, дар ин мақом Зулфия Давлатро иваз кард.
Ҳамчунин Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон озод ва ба ҷояш Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур таъйин шудаст.
Раҳимзода дар гузашта сафир дар Ҳиндустон ва роҳбари Кумитаи иҷроияи Фонди наҷоти Арал буд.
Тағйироти кадрӣ дар Оҷонси назорати маводи нашъаовар, Прокуратураи генералӣ ва ВМКБ
Раҳмон дар идомаи тағйирот, Розиқзода Абдулҳакими Шералиро бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси "Комиссияи олии аттестатсионии назди президенти озод карда, ба ҷояш Давлатзода Сайфиддин Хайриддинро таъйин кардааст.
Давлатзода то кунун ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар буд.
Инчунин дар мақоми раҳбарии Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло Асозода Нуралӣ Маҳмадуллоро ивал кардааст, ки гуфта мешавад, ба кори дигар гузашт.
Файзиддинзода Бунафша низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон озод ва раиси Кумитаи занон таъйин шудааст.
Файзиддинзода дар мақоми раиси Кумита, Ҳилолбӣ Қурбонзодаро иваз намуд, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштан барканор шудаст.
Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон бошад, аз вазифаи муовини якуми вазири молияи Тоҷикистон барканор шудааст. Мақоми нави ӯ ҳоло аниқ нест.