Тоҷикистон барои шаҳрвандони Қатар низоми бидуни раводид ҷорӣ кард

Шаҳрвандони Қатар метавонанд 30 рӯз бидуни раводид дар Тоҷикистон бимонанд, ин чора якҷониба ҷорӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки барои Қатар низоми бидуни раводид ҷорӣ кунанд.
Ин тадбир яктарафа дида шуд. Акнун шаҳрвандони Қатар метавонанд 30 рӯз бидуни раводид дарТоҷикистон бимонанд.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо тоҷирон, сармоягузорон ва ширкатҳои Қатар изҳор дошт, хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари давлат.
Ба таъкиди Раҳмон, Тоҷикистон аз табиати зебо, олами набототу ҳайвоноти нодир, ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ бой буда, барои рушди соҳаи сайёҳӣ, бахусус кӯҳнавардӣ, сайёҳии экологӣ ва беҳдоштӣ ва шикор имкониятҳои зиёд дорад.
Сарвари давлат қайд намуд, ки ҳукумат ба таҳкиму тавсеаи инфрасохтори сайёҳӣ бо истифода аз имкониятҳои соҳибкории хурду миёна ва ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.
Тоҷикистон ба панҷгонаи маъруфтарин самтҳои сайёҳат барои русиягиҳо шомил шуд
Дар ин самт тайи панҷ соли ахир дар Тоҷикистон як қатор имтиёзҳо ва сабукиҳо ҷорӣ шудаанд. Аз ҷумла, воридоти коло ва таҷҳизот барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши изофӣ озод буда, ширкатҳои навтаъсис дар ин самт набояд ба муддати 5 сол андоз аз даромад супоранд.
Раҳмон ҳамчунин афзуд, ки ҳукумат омода аст пешниҳодҳои сармоягузоронро бодиққат омӯхта, барои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои афзалиятноки зикршуда дастгирӣ кунад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон ба панҷгонаи маъруфтарин макони сайёҳии Русия ворид шудааст.