Дар Чин бар асари ярч беш аз 40 нафар зери хок монд

Феълан дар минтақаи офати табиӣ беш аз 200 наҷотбахш фаъолият дорад ва то ҳол зиёда аз 200 нафар ба ҷои амн кӯчонда шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар вилояти Юннан, воқеъ дар ҷанубу ғарби Чин беш аз 40 нафар дар зери замин монданд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба телевизиони марказии Чин.
Рӯзи душанбе соати 5.51 ба вақти маҳаллӣ ярч дар ноҳияи Чжэнсиун, шаҳри Чжаотони музофоти Юннан ба амал омад.
Бар асари фаромадани ярч чандин деҳа хароб гардиданд.
"Тибқи маълумоти пешакӣ, 44 нафар аз 18 хонавода дар зери замин монданд", - омадааст дар хабари телевизион.
Гуфта мешавад, ки дар корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот беш аз 200 нафар наҷотдиҳандагон ҷалб шуда, беш аз 200 нафар аз минтақаи офати табиӣ берун оварда шуданд.
Ҳафтаи гузашта боришоти шадид дар Филиппин лағжиши заминро ба бор овард. Тибқи маълумоти ахир, 7 нафар кушта ва ду тани дигар захмӣ шудаанд.