Тоҷикистон ба панҷгонаи маъруфтарин самтҳои сайёҳат барои русиягиҳо шомил шуд

Сайёҳони рус, ки ба хориҷа сафар мекунанд, бештар Тоҷикистонро барои сафар интихоб карданд ва русҳо бештар ба яке аз кишварҳои ИДМ сафар мекарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Тоҷикистон дар миёни сайёҳони Русия маҳбубияти зиёд дорад.
Ҳамин тариқ, ҷумҳурӣ ба 5 макони машҳуртарини сайёҳӣ барои русиягиҳо дохил шуд.
Тавре аз инфографикаи @SputnikLIVE дида мешавад, соли гузашта ба Тоҷикистон 7,3%-и фармоишҳои сокинони Русия ба самтҳои хориҷӣ рост омадааст.
Дар ҳамин ҳол, бояд қайд кард, ки дар соли 2023 бештар аз ҳама сокинони Федератсияи Русия аз Арманистон дидан кардаанд.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки кишварҳои ИДМ дар соли 2023 тамоми панҷ самти маъмули парвозҳо барои сокинони Русияро ишғол кардаанд.
Саҳми кишварҳои хориыи наздик дар шумораи умумии чиптаҳои фурӯхташуда 12,2%-ро ташкил дод.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки сайёҳони рус ба Тоҷикистон бештар барои истироҳат меоянд.
Ҳар моҳе қариб 100 ҳазор: вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон бештар шудааст
Дар ин бора Эраҷ Муҳаммадҷон, директори пойгоҳи кӯҳнавардӣ ва сайёҳии "Артуч"-и Тоҷикистон изҳор дошт.
Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи ӯ, шумораи сайёҳони рус дар ҷумҳурӣ дар соли 2023 нисбат ба соли 2022 аллакай 30 фоиз зиёд шудааст.