Раҳмон бо ҳайати бузурги ҳукумат ба Қатар рафт

Дар ин сафар асосан раисҷумҳурро тими иқтисодии ҳукумат ҳамроҳӣ мекунад ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки он асосан ҷанбаи иқтисодиро дар пайи дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар рафт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар дода, гуфтааст, ки ин сафари давлатӣ ба Доҳа аст.
Президентро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раисони Маҷлиси миллии ва намояндагон, сарвазир, муовини якуми раҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчиёнаш оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба иқтисодӣ, вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, молия, кишоварзӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳамзамон раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва дигар шахсони расмӣ низ бо кишвардор ба Қатар рафтаанд.
Қатар хостори сармоягузорӣ дар чанд тарҳи муҳими Тоҷикистон шудааст
Ёдовар мешавем, ки тобистони соли 2023 амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омада буд.
Дар пайи дидору мулоқотҳои сатҳи олӣ ҷонибҳо 15 санади нави ҳамкориҳоиро имзо карданд.
Тирамоҳи ҳамон сол дар шаҳри Доҳа ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ баргузор шуд.
Дар рафти ҷаласа тарафҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, молия, саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, иқтисоди сабз ва рақамӣ, андоз, стандартизатсия, сармоягузорӣ, бахши хусусӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳоро баррасӣ карданд.
Дар пайи ин гуфтугӯҳо ҷониби Қатар хостори сармоягузорӣ ба самтҳои сохтмони майдони фурудгоҳи байналмилалии мусофирбар ва боркаш дар ноҳияи Данғара, "ТАЛКО Голд", хатсайрҳои мусофирбар байни Душанбе ва Доҳа, сохтмони НБО-и "Шуроб" ва рақобатпазирии ширкати "Сомон Эйр" шуд