ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар ҳоле ки дар пойтахти Русия барфу туфон ва сардиҳо идома дорад дар Тоҷикистон ҳавои баҳорӣ мушоҳида мешавад, иттилоъ додааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Сардиҳо танҳо дар минтақаиҳои кӯҳӣ дар Бадахшон ба қайд гирифта шудааст Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона то 25 дараҷа хунук, рӯзона 7 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа сард то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8 дараҷа хунук ва рӯзона 5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш мешавад ва дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6 дараҷа гарм, рӯзона то 16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона то 5 ва рӯзона то 13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 5 ва рӯзона то 15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона то 7 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона то 4 дараҷа гарм, рӯзона то 15 дараҷа гарм мешавад.