ИИАО ва Никарагуа санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд

Содироти Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба кишвари Никарагуа дар 10 моҳи соли гузашта 14% ва воридот беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Никарагуа ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки созишномаи ҳамкорӣ аз ҷониби вазири ҳамгироӣ ва макроиқтисодии ИИАО Сергей Глазев ва Вазири саноат ва савдои Никарагуа Хесус Бермудез имзо шудааст.
"Санад ҳамкориҳоро дар соҳаҳои танзими гумрукӣ-техникӣ, саноат, маҷмааи агросаноатӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ғайра танзим мекунад", — таъкид кардааст дафтари матбуоти комиссия.
Лавров: ИИАО тасмимоти муҳиме бо ҳадафи ҳамгироии бештари Авруосиё гирифтааст
Содироти Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба Никарагуа дар 10 моҳи соли 2023 14% ва воридот беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст.
ИИАО БА Никарагуа бештар маводи доруворӣ, мошин ва қисмҳои он, нуриҳои азотӣ, равгани офтобпараст, маҳсулоти нафтӣ бештар содирот мекунад;
Аз ин кишвар ба кишварҳои узви ИИАО чормагз,қаҳва, маҳсулоти тамоку ва ашёи хом, насоҷӣ ва бофандагй воридот мегардад.