Лавров гуфт, ки чаро таъсиси давлати мустақили Фаластин муҳим аст

Ӯ бовар дорад, ки таваҷҷуҳи асосии талошҳо оид ба Фаластин бояд таъсиси давлати Фаластин бошад, дар ғайри сурат вазъ чунин давом хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Таъсиси давлати мустақили Фаластин барои таъмини амнияти минтақаи Шарқи Наздик, аз ҷумла Исроил зарур аст.
Дар ин бора вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт.
"Самти асосии талошҳо бояд таъсиси давлати Фаластин бо риояи комили қарорҳои Шӯрои Амният (СММ - ред.) бошад", - қайд кард ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, бидуни андешидани ин иқдом, бозпасгирии хушунат дар минтақаи низоъ мушоҳида мешавад.
"Бе таъсиси давлати Фаластин, мардуми Фаластин ҳамчунон худро дар ҳолати ногувор эҳсос хоҳанд кард",- таъкид кард ӯ.
Вазир афзуд, ки бидуни таъсиси давлати Фаластин "амнияти боэътимоди Исроил наметавонад таъмин шавад".
Илова бар ин, вай таъкид кард, ки Маскав ба "дар амният Исроил ва исроилиён хеле манфиатдор аст".
Тибқи маълумоти ахир, дар натиҷаи бомбандозии Исроил дар Ғазза беш аз 24 ҳазор нафар кушта ва беш аз 60 ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд.

Муноқишаи Фаластину Исроил

Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос эълом шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.
Дар посух, нерӯҳои Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карду, шаҳрро бо бондозӣ ба хуну хок кашид.
Ҷонибҳо сар аз 24 ноябр ба оташбас барои чаҳор рӯз мувофиқа карда, баъдан онро тамдид карда буданд, аммо мӯҳлати оташбас миёни Исроил ва Ҳамос рӯзи ҷумъа 1 декабр соати 7:00 (8:00 ба вақти Маскав) ба поён расид.
Аз Фаластин то Афғонистону тиҷорат: Раҳмон бо вазири турк аз чӣ гуфт?
Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар бораи масоили марзӣ ихтилоф доранд. Аз ин ру, дар ин минтақа тез-тез задухӯрдҳои мусаллаҳона ба амал меомаданд.
Дар соли 1947 бо иштироки фаъолонаи Иттифоқи Шӯравӣ дар бораи барпо намудани ду давлат — Исроил ва Фаластин қарор кабул карда шуд, вале фақат аввалинаш ташкил карда шуду дуввум аз он бенасиб монд.
Ба гуфтаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна танҳо дар асоси формулаи “ду давлат”, ки аз ҷониби Шӯрои Амнияти СММ тасдиқ шудааст, имконпазир аст, ки таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқ пешбинӣ мекунад.