ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон 3 ниҳоди навтаъсис ба фаъолият шуруъ намуданд, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон роҳбаронашонро низ таъйин кард.
Аз ҷумлаи ниҳодҳои навтаъсис Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди президентиТоҷикистон мебошад, ки Мирзо Хуршед Файзуллозода директори он таъйин карда шуд.
Барои таъсиси ин ниҳод президенти Тоҷикистон қаблан дар як паёмаш ба парлумон дастур дода буд.
Ба гуфтаи президент, ҳадафи таъсиси ниҳоди нав таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии “ҳукумати электронӣ" мебошад.
Хуршед Мирзо роҳбари ин Агентӣ таъйин шуд, то ҳол дар вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ фаъолият дошт.
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҷумлаи ниҳодҳои навтаъсис мебошад, ки роҳбарии онро Фарҳод Раҳимӣ, собиқ президенти Академияи миллии илмҳо ба уҳда гирифт.
Дар баробари ин Раҳимӣ Дилшод Камолзода намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО таъйин гардид. Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг ахиран бо фармони президент кушода шуд.
Раҳимӣ фолклоршинос ва мардумшиноси тоҷик мебошад, ки аз соли 2022 дар вазифаи мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот фаъолият мекард.