Пашинян афзалиятҳои ИИАО дар соли раёсати Арманистонро эълон кард

Сарвазири Арманистон аҳамияти принсипҳои бидуни табъиз барои фаъолияти бозорҳои умумӣ дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро таъкид намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ташаккули бозорҳои муштараки нерӯи барқ ​​ва захираҳои энергетикӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё авлавият хоҳад дошт.
Дар ин бора, нахуствазири Арманистон, Никол Пашинян зимни муроҷиат ба сарони кишварҳои узви ИИАО ба муносибати раёсати ин кишвар дар ниҳодҳои иттиҳод дар соли 2024 изҳор дошт.
Аз ҷумла, Пашинян қайд кард, ки ноустувории кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ бознигарии меъёру усулҳои ҳамкории иқтисодиро тақозо мекунад.
Тамоми талошҳо барои таъмини фаъолияти пурраи ИИАО ба манфиати шаҳрвандон ва соҳибкорони кишварҳо равона карда шаванд, афзуд ӯ.
Назорати саломатии шаҳрвандони кишварҳои узви ИИАО пурзӯр карда мешавад
"Барои ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ танзими гумрукиро беҳтар кардан, истифодаи чораҳои гумрукӣ ва дигар намудҳои назорати ҳукуматро нисбат ба молҳое, ки кишварҳои узв тавассути гумрук интиқол медиҳанд, ба ҳадди ақалл кам кардан лозим аст", - гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин ба зарурати ҷорӣ кардан ва рушди низоми ягонаи транзити гумрукӣ ишора кард.
Ба гуфтаи ӯ, авлавияти мутлақ аз байн бурдани монеаҳо дар тиҷорати мутақобила мебошад. Вай афзуд, Арманистон низ ба масъалаи афзоиши саҳми арзҳои миллӣ дар тиҷорат аҳамияти хоса медиҳад.
Қаблан дар шаҳри Санкт-Петербург сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАО) Эъломия дар бораи рушди минбаъдаро имзо карданд.
Эъломия ҳадафҳои иттиҳодияро барои давраи миёнамӯҳлат фаро мегирад. Аз ҷумла табдил додан ба макроминтақаи худкифоя, мутаносиб ва инкишофёфта дар барнома аст.