Саноати Суғд соли 2023 рушди чашмгири тавлидот доштааст: тафсилот

Шимоли Тоҷикистон дар як соли қаблӣ дар самти рушди саноат ба натоиҷи назаррас ноил гашта, наздики 3 млрд зиёд маҳсулот истеҳсол кардааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Вилояти Суғд соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотиро ба беш аз 26,5 млрд сомонӣ расонидааст.
Ин нишондод нисбат ба соли 2022 бо нархҳои муқоисавӣ 2,9 млрд сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,7 фоизро ташкил дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти вилоят.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд.
Ҳамин тариқ соли 2023 дар вилоят1,3 млн. тонна семент ва 1,4 млн. тонна ангишт истеҳсол шудааст.
Инчунин дар ин муддат 298,1 ҳазор тонна орд, 5,5 ҳазор тонна равғани растанӣ, қариб 60 ҳазор тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 7,3 ҳазор тонна маҳсулоти макаронӣ, 36,3 млн. қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 14,5 млн. декалитр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ истеҳсол карда шудааст.
Теъдоди корхонаҳо ва ҷойҳои корӣ дар МОИ "Суғд" бештар шудааст
Таъкид мешавад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли орд 108,6 фоиз, равғани растанӣ 109,5 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 113,7 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 147,4 фоиз, консерваҳо 120,0 фоиз ва нӯшокиҳои беспирт 134,7 фоизро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳоло дар сатҳи вилоят тедоди корхонаи саноатӣ ба 1101 адад расонида шудааст, ки ҳудуди 300-тои он танҳо дар ин давра бунёд шудааст.
Қаблан мақомоти вилоят гуфта буданд, ки феҳрасти маҳсулоти асосии саноатӣ дар минтақа зиёда аз 248 номгўйро фаро мегирад.