Назорати саломатии шаҳрвандони кишварҳои узви ИИАО пурзӯр карда мешавад

Ҳамкории ИИАО ва ТУТ ба ҳифзи саломатӣ ва некӯаҳволии шаҳрвандони давлатҳои иттиҳод мусоидат мекунад, мегӯяд Комиссияи иқтисодии Авруосиё
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Намояндагони Комиссияи иқтисодии Авруосиё (ЕЭК) бо масъулини Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (ТУТ) ҳамкориҳои марбут ба соҳаро баррасӣ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуотии созмон хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ, вохӯрӣ бо мақсади таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ, инчунин ҳалли масъалаҳои мубрами саломатии аҳолӣ дар кишварҳои ИИАО ташкил карда шуд.
Ҳамчунин рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Меморандуми ҳусни тафоҳум байни КИАО ва Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои солҳои 2023-2025 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар чорабинӣ директори умури муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии Комиссияи мазкур Олтинай Омурбекова, инчунин намояндагони Раёсати танзими техникӣ ва аккредитатсияи КИАО иштирок доштанд.
"Муколамаи байни Комиссия ва Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба сатҳи нав ва баландтар гузашт ва пас аз баста шудани Ёддошти тафоҳум фаъолона инкишоф меёбад", - қайд кард Наталя Жукова.
Қобили зикр аст, ки меморандум соли 2021 аз ҷониби вазири КИАО оид ба танзими техникӣ Виктор Назаренко ва Директори минтақавии ТУТ дар Аврупо доктор Ҳанс Клюге ба имзо расида буд.
Олим хостори таҳкими зарфиятҳои илмӣ дар доираи ИИАО шуд
"Ман итминон дорам, ки татбиқи Нақша саломатӣ ва некӯаҳволии шаҳрвандони кишварҳои ИИАО, дастрасии саривақтӣ ва пурра ба натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ ва дастовардҳои амалӣ дар соҳаи тибби профилактикиро таъмин, онҳоро аз таҳдидҳои сироятӣ эмин нигоҳ медорад ва ба дарозумриву сифати зиндагӣ мусоидат мекунад”, - қайд кард Бахтигул Карриева.
Дар ин дидор инчунин, масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи санади мазкур дар самтҳои фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии АО, ки ба манфиати тарафайн мебошанд, бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва тавсияҳои ТУТ баррасӣ шуданд.