ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Зарурати муттаҳидсозии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар соҳаи тадқиқоти илмиро коршиноси Пажуҳишгоҳи Қафқози шимолӣ, филиали Академияи улуми Русия, Сергей Решетняк таъкид кард.
Ба гуфтаи ин олим, суханронии президенти Русия дар ҷаласаи Шӯрои Олии иқтисодии АвруОсиё як навъ паёмест, ки аз майли Маскав барои таҳкими равандҳои ҳамгироӣ дар доираи ИИАО дар ҳама соҳаҳо шаҳодат медиҳад.
"Танҳо бо ин роҳ мо метавонем соҳибихтиёрии комилро ҳам дар сатҳи Иттиҳод ва ҳам барои ҳар як кишвари узви Иттиҳоди АвруОсиё дар алоҳидагӣ ба даст орем", - гуфт Решетняк.
Танҳо бо ин роҳ имкон дорад, ки аз дахолати кишварҳои сеюм ба корҳои дохилии кишварҳои узви иттиҳод ҷилавгирӣ шавад, афзуд ӯ.
Ба гуфтаи олим, ҳоло ҳам метавон мушоҳида кард, ки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фаъолона кӯшиш мекунанд, ки барномаи худро ба сари ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бор кунанд.
"Ба далели надоштани қобилиятҳое, ки Русия дорад, яъне заминаи бузурги захиравӣ, иқтидори илмӣ ва устувории иқтисодӣ ба нооромиҳо дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, дигар кишварҳои иттиҳод наметавонанд аз захираҳои молиявӣ ва технологияҳои Ғарб комилан даст кашанд", - тавзеҳ дод ӯ.
Дар чунин вазъият ба гуфтаи Решетняк, кишварҳои Осиёи Марказӣ маҷбуранд дар сиёсатҳои худ манфиатҳои кишварҳои ғарбиро ба инобат гирифта, пайваста миёни манофеи худ ва Русияву Чин манёвр кунанд.
Қаблан президенти Русия, Владимир Путин дар бораи илова кардани як қисми дигар ба чаҳор озодии ИИАО – яъне озодии дониш дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои умумиро пешниҳод кардаст.
Маврид ба зикр аст, ки узвият дар ИИАО ҳаракати озоди мол, сармоя ва нерӯи кориро дар қаламрави кишварҳои узви иттиҳодия таъмин месозад. Аз Тоҷикистон садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар Русия фаъолият доранд.