ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Сенати Қазоқистон 106 тағйиру илова ба Аҳдномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро ба тасвиб расонд.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон менависад.
Вакили мардумӣ Серик Утешов зимни муаррифии лоиҳаи қонун ба ҳамкасбонаш қайд кард, ки тағйироту иловаҳо бо иштироки коршиносони кишварҳои узви созмон дар тӯли 4 сол таҳия шудаанд.
Ҳамин тариқ, тағйирот ба танзими техникӣ, чораҳои байторӣ, санитарӣ ва фитосанитарӣ, сиёсати макроиқтисодӣ, нақлиёт, ҷамъоварии андозҳои ғайримустақим ва сиёсати тиҷорати хориҷӣ дахл доранд.
Аз ҷумла, талабот дар бораи эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилоти кормандон дар фаъолияти педагогӣ ва ҳуқуқӣ дар дигар кишвари узви ИИАО бекор карда шуд.
Мушаххас шудааст, ки ин навоварӣ имкон медиҳад, ки ин тоифаи муҳоҷирони корӣ дар дохили иттиҳодия озодтар ҳаракат кунанд.
Қаблан дар шаҳри Санкт-Петербург сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Эъломия дар бораи рушди минбаъдаи созмонро имзо карданд.
Равандҳои иқтисодӣ дар дохили созмон то соли 2030 ва барои давраи то соли 2045 муайян шудаанд.
Эъломия ҳадафҳои иттиҳодияро барои давраи миёнамӯҳлат табдил додан ба макроминтақаи худкифоя, мутаносиб рушдёфта ва ҷолиб барои тамоми кишварҳои ҷаҳон, пешрафти иқтисодӣ, технологӣ ва зеҳнӣ ва нигоҳ доштани сатҳи баланди некуахволии ахолии мамлакатхои аъзо то соли 2045 муайян кардааст.