ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Иқтисодиёти Русия аз рӯи тавозуни қобилияти харидорӣ дар Аврупо дар ҷои аввал ва дар ҷаҳон панҷум шуд.
Дар ин бора президент Владимир Путин дар мулоқот бо соҳибкорони Шарқи Дур изҳори назар кард.
"Ба назар чунин мерасад, ки моро аз ҳар тараф буғӣ карда, пахш мекунанд, вале аз ҷиҳати ҳаҷми иқтисодиёт умуман дар Аврупо аввалин шуда, аз Олмон пеш гузашта, дар ҷаҳон ҷои панҷумро гирифтем: Чин, ИМА. Ҳиндустон, Ҷопон, Русия. Дар Аврупо мо рақами як ҳастем”, - изҳор дошт раҳбари Русия.
Дар баробари ин қайд кард, ки агар ба нишондиҳандаҳои ҳар сари аҳолӣ назар андозед, дар Русия ҳанӯз кор кардан лозим аст.
"Аз рӯи тавозуни қобилияти харидорӣ мо аз тамоми Аврупо пеш гузаштаем, аммо ба ҳар сари аҳолӣ ҳанӯз кӯшиш кардан лозим аст. Аз ин рӯ, масоиле ҳаст, ки бояд сари он кор кунем", - афзуд сарвари давлат.
Илова бар ин, Путин таъкид кард, ки афзоиши ММД-и Русия дар соли 2023 метавонад аз 4% зиёд гардад.
Ба гуфтаи вай, коҳиши ин нишондод дар соли 2022 назар ба пешбинишуда камтар - 1,2% буд.
Президенти Русия Владимир Путин ҳоло дар Шарқи Дур қарор дорад.
Имрӯз раҳбари Русия бо соҳибкорони Хабаровск мулоқот мекунад.
Қайд карда мешавад, ки чорабинӣ дар Донишгоҳи давлатии Уқёнуси Ором ҷараён дорад. Сардори давлат дар доираи сафар ба Шарқи Дур шаби пеш аз Чукотка ба Хабаровск омад.