Аз Пеле то Путин: афроди машҳури мутаваллиди соли аждаҳо

Соли аждаҳои чӯбини сабз на танҳо бо қудрат ва қувват, балки бо эҳсосот, харизма ва хоҳиши ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳ будан қайд карда мешавад
Sputnik
1 / 11

Пеле (21 октябри 1940 — 29 декабри 2022) — футболбози машҳури бразилӣ.

Вай дар ҳайати мунтахаби кишвар 92 бозӣ гузаронида, 77 гол задааст.

2 / 11

Жанна д'Арк (30 майи 1431даргузашт ) қаҳрамони миллии Фаронса аст. Пешвои афсонавӣ, ки бо нақши худ дар Ҷанги Садсола маълум аст.

Жанна ба муртад ва бидъат маҳкум шуда, пас аз он дар оташ сӯзонда шуд.

Баъдан, дар соли 1456 вай барқарор карда шуд ва дар соли 1920 аз ҷониби калисои католикӣ канон карда шуд.

3 / 11

Рианна (20 феврали 1988) сароянда, ҳунарманд, продюсери мусиқӣ ва тарроҳи мӯд.

Робин Риффна Фенти яке аз беҳтарин ҳунармандони ҳама давру замон аст, ки беш аз 20 млн албом ва 60 млн оҳанг фурӯхтааст.

Дар охири соли 2018 вай дар раддабандии сердаромадтарин овозхонҳои ҷаҳон, ки маҷаллаи Forbes тартиб додааст, мақоми ҳафтумро ишғол кард. Ҳамин тариқ, даромади солонаи ӯ 37,5 млн долларро ташкил дод.

4 / 11

Адел Лори Блу Эдкинс (5 майи 1988) сароянда ва шоири бритониёӣ аст. Ӯ ах рӯи маъруфияташ ба китобҳои Гиннес шомил гардидааст.

Овозхони бритониёӣ ҳамчунин барандаи 16 ҷоизаи "Грэмми" ва нахустин навозандаест, ки ду бор барандаи ҷоизаҳои "Албоми сол", "Сабти сол" ва "Суруди сол" аст.

5 / 11

Алфредо Ҷеймс Пачино (25 апрели 1940) актёр ва коргардони амрикоӣ аст.

6 / 11

Брюс Ли (27 ноябри 1940 - 20 июли 1973) -актёри синамои амрикоӣ, коргардон, сценарист, продюсер ва ислоҳотгар дар соҳаи санъати ҳарбии Чин. Илова бар ин, худи ӯ низ балетмейстери мубориза ва асосгузори услуби Ҷит Куне До буд.

Номи Брюс Ли одатан бо шумораи зиёди ривоятҳо иҳота шудааст.

Аммо фактхои тамоман раднашаванда низ хастанд. Устоди бузург суръати беандоза дошт: дар як сония вай то 9 зарба зада метавонист.

7 / 11

Моника Беллуччи (30 сентябри 1964) як ҳунарпеша ва модели итолиёвӣ аст.

8 / 11

Эмма Стоун (6 ноябри соли 1988) як ҳунарпешаи амрикоӣ аст.

Дар соли 2017 ӯ актрисаи сердаромадтарин дар ҷаҳон шуд ва тибқи маҷаллаи Time ба рӯйхати 100 нафари бонуфузтарин шомил шуд. ал омад.

9 / 11

Роберто Кавалли (15 ноябри 1940) ҳамеша на дизайнер, балки рассоми мӯд номида мешавад.

10 / 11

Салвадор Дали (11 майи 1904 - 23 январи 1989) - рассом, ҳайкалтарош, коргардон ва нависандаи испанӣ. Эҷодкор яке аз маъруфтарин намояндагони сюрреализм буд.

11 / 11

Владимир Владимирович Путин (7 октябри 1952) президенти феълии Федератсияи Русия, раиси Шӯрои давлатӣ ва Шӯрои амният аст.

Ӯ ҳамчунин аз 7 майи соли 2012 Сарфармондеҳи олии нерӯҳои мусаллаҳи Русия мебошад.