ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина, дар мусоҳиба бо рӯзномаи испании Pais гуфт, ки дар сурати нарасидани кумаки молӣ аз Иттиҳодияи Аврупо Киев нақшаи эҳтиётӣ надорад.
"Мо нақшаи Б надорем. Аз берун метавон диду дигар хел андеша кард, метавон дар бораи нақшаҳои А, Б ва В ҳарф занед, мақолаву маводи таҳлилӣ нашр кунед, аммо дар ин ҷо мо бояд тамоми нерӯи худро ба он равона созем, ки нақшаи А амалӣ шавад", - посух дод ӯ ба суоли рӯзномаи испании Pais дар мавриди он ки оё Украина дар сурати наомадани маблағ аз Иттиҳоди Аврупо нақшаи эҳтиётӣ дорад ё на.
Раиси Вазорати корҳои хориҷии Украина таъкид кард, ки агар кумак аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба таъхир афтад, вазорати молияи Украина бояд “маҳоратҳои идоракуниро нишон диҳад”.
Кулеба инчунин иддао дорад, ки Украина 100% дороиҳои яхбастаи Русияро мегирад ва миқдори онҳо барои барқарорсозии кишвар кофӣ хоҳад буд.
Дар як нишаст дар Брюссел дар миёнаҳои моҳи декабр Маҷористон ба афзоиши буҷаи чандсолаи Иттиҳодияи Аврупо барои солҳои 2024-2027, аз ҷумла 50 млрд евро кумаки макромолиявӣ ба Киев вето гузошт.
Дар ҳамин ҳол, нахуствазир Виктор Орбан зидди оғози музокирот бо Украина дар бораи пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо овоз надод, аммо ҳушдор дод, ки Маҷористон ҳамчунон “75 имкон” барои ҷилавгирӣ аз ин равандро дорад.
Қарор аст, 1 феврал дар Брюссел нишасти нави Иттиҳодияи Аврупо оид ба маблағгузории чандсола барои Украина баргузор шавад.