ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Интихоботи президентии моҳи март дар Русия аҳамияти бузурги байналмилалӣ хоҳад дошт, зеро ҳоло ҳеҷ як мушкили ҷаҳониро бидуни иштироки Маскав ҳал кардан мумкин нест.
Дар ин бора раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар мусоҳиба бо рӯзномаи миллии Egemen Qazaqstan изҳор дошт.
"Мо бояд дарк кунем, ки Федератсияи Русия дар сиёсати ҷаҳонӣ нақши бениҳоят муҳим мебозад ва мақоми узви доимии Шӯрои Амнияти СММ-ро дорад. Президенти Русия Владимир Путин як роҳбарест, ки бо гуфтор ва амалҳои худ моҳиятан рӯзномаи ҷаҳониро ташаккул медиҳад”, - гуфт Тоқаев.
Ба таъкиди ӯ, андешаи Русия дар саросари ҷаҳон ба инобат гирифта мешавад, бидуни иштироки ин давлат ягон мушкили ҷаҳониро ҳал кардан мумкин нест ва ин як воқеият аст.
Вай қайд кард, ки аз нигоҳи интихобот, имсол барои бисёр кишварҳо соли таърихӣ хоҳад буд: ба ҷуз аз Русия, дар ИМА, Озарбойҷон, Британияи Кабир, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо маъракаҳои интихоботӣ баргузор мешаванд ва интихобот ба Парлумони Аврупо низ сурат мегирад.
Бо вуҷуди ин, раиси ҷумҳури Қазоқистон таъкид кард, ки интихоботи президентӣ дар Русия ба далели сатҳи баланди равобити Остона ва Маскав барои Қазоқистон таваҷҷӯҳи хоса дорад.
Шӯрои Федератсия интихоботро ба 17 марти соли 2024 таъин кард. Овоздиҳӣ се рӯз давом мекунад: 15, 16 ва 17 март. Ин аввалин интихоботи президентии Русия дар се рӯз хоҳад буд.