Шабҳо сард мешаваду дар бархе минтақаҳо меғ мефарояд: Пешгӯии обуҳавошиносони тоҷик

Ба иттилои обуҳавошиносони тоҷик ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ тағйирёбандаву бебориш хоҳад буд, вале дар бархе ноҳияҳо туман (меғ) мефарояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳарорати ҳаво рӯзона то 16 дараҷа гарм мешавад.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарб шабона то 14 дараҷа хунук, рӯзона то 7 дараҷа гарм, дар шарқ шабона то 26 ва рӯзона то 7 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона то 9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 9 дараҷа хунук ва рӯзона то 5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона то 16, дар доманакӯҳҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона то 11 дараҷа гарм мешавад.
Сармои шадид: дар кадом минтақаҳои Тоҷикистон сарди ғайримуқаррарӣ хоҳад буд?
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз то 5 дараҷа гарм ва рӯзона то 14 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз то 6 дараҷа хунук, рӯзона то 8 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа гарм, рӯзона то 14, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 6 дараҷа хунук ва рӯзона то 8 дараҷа гарм мешавад.