ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустии Тоҷикистон дар як ҷаласаи ин ниҳод таъкид кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат 2 баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расид.
Вай таъкид кард, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ хар сол ба ҳисоби миёна 2,1 фоизро ташкил медиҳад.
Вай инчунин қайд кард, ки дар ин давра шумораи фавт ба ҳисоби 1000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар дар соли 1991 то 3 нафар дар соли 2023 паст гардидааст.
“Яъне дар ин давра фавт 2 баробар коҳиш ёфтааст”, - зикр кард вазир.
Ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода илова кард, ки аз ҷониби дигар, дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расидааст.
“Яъне умри миёнаи аҳолии мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 6 сол афзоиш пайдо кардааст”, - афзуд вазири тандурустӣ.
Вай илова кард, ки нишондиҳандаҳои мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошанд.