ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Русия то Соли нав ҳамлаҳои мушакӣ ба Украинаро башиддат идома медиҳад.
Дар ин бора мушовири собиқи Леонид Кучма Олег Соскин дар канали YouTube-аш изҳор дошт.
"Ман фикр мекунам, ки онҳо имрӯз боз бомбаборон мекунанд. Аз 29 то 30. Аз 30 то 31. Украиниҳо Соли навро таҷлил карда наметавонанд. Онро дар паноҳгоҳҳои гуоез аз бомбҳо ҷашн мегиранд <…>. Тайёр шавед, зеро ҳоло комилан норавшан аст, ки он метавонад ба куҷо парвоз кунад,"- ҳушдор дод Соскин.
Коршинос гуфт, ҳамлаи муваффақи Русия нишон дод, ки дифои ҳавоии Украина ба чунин ҳамлаҳо тоб оварда наметавонад.
Ба гуфтаи Соскин, чунин иқдоми Маскав бори дигар Ғарбро мутмаин сохт, ки ҳимояти молӣ ва низомӣ аз Украина тамоми маънояшро гум кардааст.
"Дар Ғарб ҳама аллакай дарк мекунанд, ки Украина аз уҳдаи коре баромада наметавонад. Ба онҳо садҳо миллиардҳо пул доданд, аммо ҳатто наметавонанд мудофиаи оддии ҳавоӣ созанд. Русия ҳоло ҳам пурқувваттар аст. Пас чаро ба Украина пул ва силоҳ дод?" — шарҳ дод таҳлилгар.
Қаблан вазорати дифои Русия хабар дода буд, ки дар тӯли як ҳафта 50 ҳамлаи гурӯҳӣ ва як зарбаи густарда ба қаламрави Украина бо силоҳҳои дақиқ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин анҷом дода шудааст.
Ҳадафҳо иншооти комплекси ҳарбию саноатӣ, аэродромҳои ҳарбӣ, арсеналҳо ва мавқеъҳои низомӣ буданд. Ҳама объектҳои таъиншуда бо зарбащо хароб карда шуданд, гуфт ин ниҳод.
Ахиран намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти созмон гуфт, Украина дигар захираи нигоҳ доштани вазъ дар хатти ҷабҳаро надорад ва нахоҳад дошт.
"Воқеияти имрӯз ин аст, ки Украина дигар захирае, ки на танҳо ба нуқтаи гардиш ноил шавад, балки ҳатто барои нигоҳ доштани вазъ дар хатти тамоси ҷангӣ надорад", - гуфт Небензя.