Сару либос ва ширинӣ; ҳадяи солинавии Раҳмон ба кӯдакони ятим дар Тоҷикистон

Ҳамчун туҳфа ба кӯдакони бепарастор дар мактаб-интернатҳо маҷмӯи либосҳои зимистона ва шириниҳо тақдим карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Кӯдакони бепарасторро бо Соли нави дар пешистода табрик намуданд.
Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб аз номи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфаҳо супорида шуд.
Ҳамзамон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино воқеъ дар Ҳисор низ кумак расонида шуд.
Ба кӯдакон маҷмӯи либосҳои зимистона ва шириниҳо тақдим карда шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки роҳбарияти кишвар барои беҳбуди шароити зиндагӣ ва таҳсили афроди танҳову эҳтиёҷманд, кӯдакони бепарастор, маъюбон, оилаҳои бепарастор ва қишрҳои осебпазири ҷомеа ҳама кори аз дасташон меомадаро мекунад.
Ҳар сол дар остонаи ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ Раҳмон ба ин қишрҳо кумаки молӣ мекунад ва туҳфаҳо мефиристад.
Раҳмон: Ба дастгирии ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат эътибори аввалиндараҷа диҳед
Дар мактаб-интернати кӯдакони ятим дар навоҳии Шамсиддини Шоҳин, Сангвор, Ҷалолиддини Балхӣ, инчунин дар муассисаҳои вилояти Хатлон, НТҶ ва дигар минтақаҳо низ туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуданд.
Қаблан сафорати Русия дар Тоҷикистон ҳамватанони ҷумҳурӣро бо тӯҳфаҳои ширин табрик карда буд.
Дар остонаи Соли нав кормандони намояндагии дипломатӣ ба Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳамватанони Русия маҷмӯи шириниҳо ва тӯҳфаҳо барои садҳо кӯдак супурданд.
Онҳо ба тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон тақсим карда шуда, дар назди арча ва шабнишиниҳои солинавӣ ба фарзандони ҳамватанони рус тақдим карда мешаванд.