ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон 30 декабр ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борону барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.
Дар ин бора Агентии ҳавосанҷии кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борону барф ба амал меояд. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарб шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар шарқ шабона 17-22 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борону барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро низ ҳавои ноустувор интизор аст. Дар минтақа шабона борону барф, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши бошиддат ба амал омада, рӯзона ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 5+10, дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф, шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши бошиддат ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, шабона борон ба амал омада, рӯзона қатъ гардида, туман мефарояд. Ҳаво шабона 2+4 дараҷа гарм ва рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.