Президент гуфт, аҳолии Тоҷикистон кай доимӣ барқ мегирад

Талафоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон баробар ба иқтидори ду нерӯгоҳи бузург будааст, ки он метавонист аҳолиро бо барқи доимӣ таъмин кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз талафоти зиёди нерӯи барқ дар кишвар изҳори нигаронӣ кард.
Ӯ зимни ироаи паём аз натоиҷи кори яксолааш гуфт, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ талафоти қувваи барқ ба 3 млрд кВт соат баробар аст .
Ба гуфтаи вай ин баробар ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳҳои "Сангтуда 1 ва 2" аст.
"Агар ин талафотро паст кунем, ҳамин қувваи барқ басанда аст, ки аҳолӣ бо 24 соат равшанӣ таъмин шавад", - афзуд сарвари давлат.
Сарвари давлат ҳамзамон гуфт, дар пайи талаф ҳатто ширкати "Барқи тоҷик" дар ҳоли муфлис шудан аст ва агар вазъ ҳаминтавр давом гунад хоҳем нахоҳем сол ба сол қимати қувваи барқ гарон мешавад.
Дар мавриди қимати нерӯ вай гуфт, дар дунё аз ҳама қувваи барқи арзонтарин дар Тоҷикистон аст.
"Ин хел дар дунё нест. Ин як ифтихор ҳам ҳаст, аммо ширкати “Барқи тоҷик” дар ҳоли муфлисшавист. Даромаде, ки аз ҳисоби фурӯш гирифта мешавад ба маоши кормандон намерасад", - афзуд президент.
Тоҷикистон аз содироти нерӯи барқ ​​чӣ қадар даромад гирифт?
Вай ба масъулин дастур дод, ки корҳо дар самти гузариш ба таҷҳизоти каммасраф бояд тақвият бахшида шавад.
Арзиши қувваи барқ ба гуфтаи Раҳмон бо мурури замон гарон мешавад, роҳи дигар нест.
Ҳамзамон да таъкиди кишвардор дар шароити тағйирёбии иқлим, кишварро зарур аст, ки роҳҳои алтернативии истеҳсоли барқро пеша кунад.
Сохтмони нерӯгоҳҳои офтобиву бодӣ дар ин самт ба мақсад мувофиқанд, мегӯяд раисҷумҳур.