Лавров гуфт, дар тӯли соли ҷорӣ Русия қавитару муттаҳидтар шуд

Ғарб хостори парокандагӣ дар Русия, эътирозҳо алайҳи амалиёти вижа буд ва таҳримҳо бояд мардумро ба эътирозро меовард, аммо, натиҷа баръакс шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Дар давоми ин сол Русия хеле қавӣ гардид, муттаҳидии аҳолӣ хеле афзуд.
Дар ин бора вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар мусоҳиба бо РИА "Новости" ва шабакаи телевизионии "Россия 24" изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи асосии Ғарб густариши НАТО набуда, балки шикасти стратегӣ ба Русия буд, маҳз ҳамин маънои густариши Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ буд.
Лавров: Доллар ба василаи тағйири режим табдил мешавад
"Боз пешгӯӣ карда буданд, ки иқтисоди мо пора-пора хоҳад шуд, онҳо ҳоло таъсири баръакси сиёсати худро барои заиф ва ҳатто пароканда кардани Русия мебинанд", - гуфт Лавров.
Ғарб хостори парокандагӣ, эътирози зидди амалиёти вижа буд ва ин таҳримҳо бояд мардумро ташвиқ карда, мавҷҳои эътирозро ба вуҷуд меовард, гуфт вазир.
"Онҳо ба ягонагии кишвар ва мардум омил шуданд", - хулоса кард роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Илова бар ин, Лавров гуфт, ки вазифаи дипломатияи Русия дар соли оянда таъмини дарки объективии Русия дар ҷаҳон дар пасманзари идомаи амалиёти низомӣ шарқӣ ва муқовимати таҳримӣ бо Ғарб аст.