ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар ҷараёни нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир гардид, раҳбарони кишварҳои ҳамсуд ҳолати ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориро дар қолаби ИДМ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин нишаст масоили таҳкими муколамаи сиёсӣ дар чорчӯби Иттиҳод, ҳамчунин рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни давлатҳои иштирокчӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амният ба ҳайси вазифаҳои рӯзмарра муайян гардиданд.
“Ҳамзамон бо ин мубодилаи афкор атрофи доираи васеи масъалаҳои мубрами дорои аҳаммияти минтақавӣ ва байналмилалӣ анҷом дода шуд”, таъкид намудааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи расмии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков нишасти ғайрирасмии сарони ИДМ дар Санкт-Петербургро муваффақ номид.
Ба гуфтаи вай, нишасти ғайрирасмии сарони ИДМ дар Санкт-Петербург “бешубҳа муваффақ” буд, ки дар ҷараёни ин чорабинӣ раҳбарони давлатҳо тавонистанд мавзӯъҳои мубрамро баррасӣ намоянд.
"Ин бешубҳа муваффақият аст, зеро имкони муоширати оддӣ, аз ҷумла дар фазои ғайрирасмӣ, барои сарони кишварҳои ИДМ хеле муҳим аст, ин муошират аст ва он танҳо бо мавзӯи идонаи Соли нав маҳдуд нест. Ин дар ҳақиқат як баҳси масъалаҳои корӣ аст, бигзор дар як ҳолати саросемагӣ, аммо дар ин нишаст доғтарин мавзӯъҳо баррасӣ шуданд. Илова бар ин, ҳама бояд якҷоя ҳамоҳанг созанд ва масъалаҳои мубрами рӯзи байналмилалӣ, минтақавӣ, оид ба масъалаҳои минбаъдаи рушди ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд", - гуфт Песков дар мусоҳиба бо "Известия".
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ахири ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.