Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Чемезов: Теъдоди аслиҳа дар Қувваҳои Мусаллаҳи Украина босуръат коҳиш меёбад

Мудири корпоратсияи давлатии “Ростех” иддао дорад, ки саноати низомии Украина наметавонад талафоти аслиҳаи артишро ҷуброн кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Теъдоди тамоми намуди аслиҳаи нерӯҳои Украина босуръат коҳиш меёбад ва саноати низомии Украина ин талафотро ҷуброн карда наметавонад, гуфт дар мусоҳиба бо хабаргузории “РИА Новости” Сергей Чемезов, мудири кулли корпоратсияи давлатии "Ростех".
"Русияро мағлуб кардан ғайриимкон аст, ман суханони президентро такрор мекунам. Дастгирии Киев аз як гурӯҳи кишварҳои ғарбӣ таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида ҳеҷ чизро ҳал намекунад. Теъдоди тамоми аслиҳаи нерӯҳои Украина дорад босуръат коҳиш меёбад. Саноати низомии Украина наметавонад ин талафотро ҷуброн намояд. Кумаки хориҷӣ коҳиш меёбад. Ба назар чунин мерасад, ки онҳо бефоида будани пуштибонӣ аз Украинаро дарк карданд”, - гуфт Чемезов.
Вай афзуд, ки саноати низомии Русия, “баръакс истеҳсолотро афзоиш додааст. Ин имкон медиҳад на танҳо талафотро ҷуброн намояд, балки шумораи силоҳу техника барои низомиёнро низ афзоиш диҳад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Матвиенко: То Русия ба ҳадафаш нарасад амалиёти вижа ба анҷом намерасад
Чемезов тавзеҳ дод, ки ҳаҷми истеҳсоли тиру тӯп дар муқоиса бо соли 2021 барои навъҳои муайян тақрибан 50 маротиба, истеҳсоли мошинҳои ҷангӣ, мошинҳои ҷангӣ барои пиёдагардон ва мошинҳои гуногуни зиреҳпӯш, ки аз ҷониби низомиён талабот дорад беш аз 5 маротиба зиёд шудааст.
"Мо бояд ба назар гирем, ки мо то оғози амалиёти вижа барои навсозии корхонаҳоямон корҳои зиёдеро анҷом додем. Яъне барои ба тартиб даровардани иқтидорҳо, ҷорӣ намудани қарорҳо ва технологияҳои замонавӣ корҳо ба нақша гирифта шуда буданд", - гуфт роҳбари раҳбари “Ростех”.
"Мо мутахассисонро фаъолона ҷалб мекунем - мо таълим медиҳем, маоши хуб медиҳем, бастаи иҷтимоӣ медиҳем, аз ҷумла суғуртаи ихтиёрии тиббӣ, барномаи манзил ва ғайра. Мо барои дастгирии чунин тадбирҳо ба кормандон беш аз 14 миллиард рубл ҷудо кардем. Аз ин рӯ, имрӯз мо тавонистем истеҳсоли маҳсулотро чанд баробар афзоиш диҳем”, - афзуд Чемезов.