Путин: Ҳаҷми тиҷорати мутақобила миёни кишварҳои ИИАО дар 10 сол ду баробар афзуд

Раисҷумҳури Русия гуфт, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ИИАО бомуваффақият пеш рафта, ба ифшои ҳамаҷонибаи иқтидори иқтисодии давлатҳо мусоидат мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Ҳаҷми савдои мутақобилаи кишварҳои Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиё дар тӯли тақрибан 10 соли мавҷудияти он ду баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё дар Санкт-Петербург изҳор дошт.
"Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои ИИАО аз 1,6 триллион доллар ба 2,5 триллион доллар афзоиш ёфт", - афзуд раҳбари Русия.
Ба гуфтаи президент, ҳамкорӣ дар доираи иттиҳодия хеле бомуваффақият ва босуръат пеш меравад. Он ба пурратар ошкорсозии иқтидори иқтисодии давлатҳои иттиҳод ёрӣ мерасонад.
"Иттиҳоди Авруосиё ҳамчун як иттиҳодияи бонуфузи байналмилалии ҳамгироии дорои сохтори муассир ба вуҷуд омадааст. Фаъолияти он бевосита ба баланд шудани некӯаҳволӣ ва беҳтар шудани сифати зиндагии шаҳрвандони давлати мо мусоидат мекунад", — қайд кард Путин.
Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин ба имзои созишномаи тиҷорати озоди ИИАО бо Эрон изҳори назар кард ва гуфт, ба шарофати ин масирҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, аз ҷумла "Шимол-Ҷануб" рушд хоҳанд кард.
Кишварҳои ИИАО бо Эрон созишномаи тиҷорати озод имзо карданд
Ҳамчунин, ба гуфтаи сарвари давлат, ин санад барои афзоиши равобити илмӣ, истеҳсолӣ, сайёҳӣ ва ҳайатҳо замина фароҳам меорад.
Путин афзуд, пас аз эътибор пайдо кардани ин созишнома тақрибан ҳамаи категорияҳои колоҳои тавлидшуда дар ин иттиҳодия бидуни боҷ ба бозори бузурги Эрон дастрасӣ пайдо мекунанд ва монеаҳои ғайритарифӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш хоҳанд ёфт.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 25-26 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург раҳбарони кишварҳои ИДМ ва ИИАО барои ҷамъбасти кор дар соли 2023 ҷамъ омада, нақшаҳои соли 2024-ро баррасӣ карданд. Ҳамин тариқ, аввалин чорабинии ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё буд, ки дар он Путин натиҷаҳои раёсати Русия дар иттиҳодияро ҷамъбаст кард.