ДУШАНБЕ, 26 дек - Sputnik. Дар Санкт-Петербург сарони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Эъломияро дар бораи рушди минбаъдаи равандҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯби созмон то соли 2030 ва барои давраи то соли 2045 Роҳи иқтисодии Авруосиё имзо карданд.
Қаблан Русия ташаббуси омода кардани ҳуҷҷатҳои нав барои банақшагирии дарозмуддати рушди ИИАО буд.
"Эъломия ҳадафҳои иттиҳодияро барои давраи миёнамӯҳлат дар роҳи табдил додани он то соли 2045 ба макроминтақаи худкифоя, мутаносиб рушдкарда ва ҷолиб барои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, ки дорои пешравии иқтисодӣ, технологӣ ва зеҳнӣ, нигоҳ доштани сатҳи баланди некӯаҳволии аҳолии кишварҳои узв мебошад, муайян мекунад”,- гуфта мешавад дар изҳорот.
Ҳуҷҷат шаш соҳаро муайян мекунад, ки чунин аст:
бо молу манобеи асось таъмин намудани бозори умумӣ ва фаъолияти пурсамари он;
ташаккули фазои умумии ҳамкориҳои муштарак ва ҳамкорӣ дар соҳаи рушди технологӣ;
ташаккули фазои ягонаи нақлиётию логистикӣ;
ташаккули бозори умумии молия;
рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои дорои иқтидори интегратсионӣ;
фаъолияти ИИАО ҳамчун қутби ҷалби иқтисодӣ дар арсаи байналмилалӣ.
Ба Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дастур шудааст, ки якҷо бо кишварҳои иттиҳод дар соли 2025 тарҳи харитаи роҳро барои иҷрои ин эъломия таҳия ва ба тасвиб гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин ҷаласа раисҷумҳури Русия гуфт, ки ҳаҷми савдои мутақобилаи кишварҳои Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиё дар тӯли тақрибан 10 соли мавҷудияти он ду баробар афзоиш ёфта, аз 1,6 триллион доллар ба 2,5 триллион доллар расидааст.