Раҳмон ба Санкт-Петербург рафт

Дар ин сафар раисиҷумҳури Тоҷикистонро ёвари ӯ дар умури равобити хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд, хабар медиҳад хадамоти матбуот
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба Санкт-Петербург рафт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Зимнан зикр мегардад, ки раҳбари ҷумҳурӣ барои ширкат дар нишасти ғайрирасмии саронони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба пойтахти шимолии Русия сафар кардааст.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро Рустами Эмомалӣ, Қоҳир Расулзода, Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар президентро ёрдамчияш оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ як нишасти пеш аз соли нав аст, ки ду рӯз идома мекунад ва як шакли анъанавии иртибот миёни раҳбарони кишварҳои созмон аст.
Раҳбарони ИДМ дар ин нишаст дар як фазои ғайрирасмӣ масъалаҳои мубрами рӯзро баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои мухталиф табодули афкор хоҳанд кард.
Баландтарин арчаро дар ИДМ кадом кишвар орост
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз соли 2014 то кунун ҳеҷ гоҳ формати музокирот бо Владимир Путинро дар моҳи декабрро сарфи назар накардааст.
Ба ин тартиб, Эмомалӣ Раҳмон то кунун 8 маротиба аз нишасти ғайрирасмии шаҳри Санкт-Петербург дидан кардааст.
Сарвари Русия чунин нишастҳоро ҳамчун гуфтугӯи "дар доираи дӯстона" тавсиф кард, ки дар он рӯзномаи тиҷорат: минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зимни паёми видеоии худ дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ аз нияти баргузории як нишасти ғайрирасмӣ дар Санкт-Петербург хабар дода буд.
Путин қайд кард, ки аз 1 январи соли равон Русия раёсати ин иттиҳодияро бар дӯш мегирад ва нақша дорад, ки таҷрубаи баргузории чорабиниҳои муштарак дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла санъат, маориф ва илмро идома ва густариш диҳад.