ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт хабар медиҳад, ки дар маҷмӯъ мизони гирифторӣ ба COVID-19 дар ин давра дар ҷаҳон 52% (850 ҳазор нафар) афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, фавт аз коронавирус дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна 8% кам шуааст, мегӯяд созмони мазкур.
Тибқи маълумоти СҶБ, дар тӯли чаҳор ҳафта дар ҷаҳон дар маҷмӯъ 854 000 ҳолати сироятёбӣ ва каме бештар аз 3 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст.
Зимнан, дар Тоҷикистон тибқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ аз ин беморӣ нишоне нест.
Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки дар кишвар бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ҳастанд, на ягон намуд вируси хатарнок.
Дафтари матбуоти ин ниҳоҳд маълумотҳое, ки ҳоло тараиқи паёмрасонҳо паҳн мешавад, ки гӯё дар кишвар навъи нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар гардиш аст, беасос ва бидуни воқеият хонд.
"Имрӯзҳо нафароне, ки бо нишонаҳои бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд, аз онҳо ташхиси бемории COVID-19 гирифта мешавад. Хушбахтона, натиҷаи ташхисҳо нишон медиҳанд, ки то кунун дар мамлакат ягон нафар ба ин вирус гирифтор нест", - афзудааст манбаъ.
Вазорат аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки ба чунин маълумоти ҳангомасоз ва иғвоангез бовар накунанд балки бо истифода аз тавсияи мутахассисони соҳа худ ва наздиконашро аз бемориҳои шадиди роҳҳои нафас эмин нигоҳ доранд.
Гуфта мешавад, ки ҳамасола бо омадани мавсими сармо гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар кишвар меафзояд, ки ин як ҳолати маъмулист.
Ба таъкиди мутахассисони соҳаи тиб, зуком бемории шадиди сироятии роҳҳои нафас ба шумор меравад ва ин беморӣ ашхоси тамоми синну сол, алалхусус, кӯдакону пиронсолон, ки масуният (иммунитет)- и заиф доранд, гирифтор мешаванд.