Баландтарин арчаро дар ИДМ кадом кишвар орост

Дар кишварҳои ИДМ мақомот ба таври анъанавӣ ороиши асосии ҷашни Соли нав - дарахти зебои сӯзанбаргро насб кардаанд. Арчаи кӣ баландтарин буд?
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ҳамаи пойтахтҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) барои таҷлил аз Соли нави 2024 омодагӣ мебинанд.
Мақомот аллакай дар хиёбонҳои марказии шаҳрҳо зебоиҳои солинавӣ насб кардаанд.
Тавре хабарнигори Sputnik Тоҷикистон маълум кард, имсол баландтарин арча дар Ишқобод ороста шуд. Баландии он 44 метр аст. Қобили зикр аст, ки соли гузашта рекорди баландтарин арча низ ба пойтахти Туркманистон тааллуқ дошт - он вақт арчаи 41-метра гузошта шуда буд.
Сокинони Тоҷикистон дар соли нав чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Ҷои дуюмро арчаи Ереван бо баландии 37 метр азхуд кард.
Инчунин ба сегонаи баландтарин арча дарахти солинавии дар Ӯзбекистон ородода ҷо гирифт. баландии он 35 метр аст.
Дар Душанбе аллакай чун анъана арчаи 30-метра гузошта шудааст. Бори аввал арчаи солинавии чунин баландӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ гузошта шуд.
Баландтарин арчаҳои солинавӣ дар кишварҳои ИДМ
Қобили зикр аст, ки ин ягона арчаи солинавӣ дар шаҳр нест - бо фармоиши мақомоти пойтахт майдони назди сирк дар маҳаллаи Фирдавсӣ оро дода шуда, рамзи асосии ҷашн гузошта шуд.
Сокинони Душанбе аз ин зебогиҳо хурсаннд буда, дар хиёбонҳо аксбардорӣ мекунанд.