ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ, ки 26 декабри соли равон дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 25-26 декабр шаҳри Санкт-Петербург мешавад ва санаи 26-ум дидору мулоқотҳо дар назар аст.
Раҳбарони ИДМ дар як фазои ғайрирасмӣ масъалаҳои мубрами рӯзро баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои мухталиф табодули афкор хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зимни паёми видеоии худ дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ аз нияти баргузории як нишасти ғайрирасмӣ дар Санкт-Петербург хабар дода буд.
Путин қайд кард, ки аз 1 январи соли равон Русия раёсати ин иттиҳодияро бар дӯш мегирад ва нақша дорад, ки таҷрубаи баргузории чорабиниҳои муштарак дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла санъат, маориф ва илмро идома ва густариш диҳад.
Ёдовар мешавем, ки 26-27 декабри соли гузашта низ чунин як нишасти ғайрирасмӣ дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуда буд.