Расулзода созишномаҳои нави байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Русияро имзо кард

Дар доираи сафари нахуствазири Тоҷикистон ба Русия ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ баргузор шуда, чанд санад имзо гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар Маскав созишномаҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар мавриди бунёд ва фаъолияти маркази рушди истеъдодҳо дар Душанбе ва Театри драмавии ба номи Владимир Маяковскйи имзо шуданд.
Санадҳои мазкур зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода ва ноиби нахуствазири Русия, Марат Хуснулин имзо гардиданд.
Қоҳирзода дар ҷамъбасти ҷаласа гуфт, нақшаҳои ҳамкорӣ барои соли оянда муайян шуданд.
Ҳуснуллин мехоҳад дар Тоҷикистон монанди Маркази “Сириус” ташкил намояд
"Тоҷикистон ба ҳамкориҳои стратегӣ бо Русия дар ҳама самтҳои имконпазир манфиатдор буда, омода аст, ки минбаъд низ тамоми талошҳои заруриро ба харҷ диҳад", - гуфт Расулзода.
Хуснуллин гуфт, дар шароити нооромиҳои геополитикӣ ҳам шарикии стратегӣ ва иттифоқии Русия ва Тоҷикистон рушд ёфта истодаанд ва барои ин роҳбарони ду давлат бевосита мусоидат мекунанд.
Муовини нахуствазири Русия афзуд, ки дар соли 2024 тамаркуз ба таҳкими ҳамкорӣ ба мисли саноати сайёҳӣ, рушди долонҳои нақлиётӣ ва гардиши мол дар назар аст.