ДУШАНБЕ, 16 дек – Sputnik. Нерӯҳои Русия дар самти Краснолиманск беш аз 250 низомии украинӣ, ду танк ва як гаубитсаро нобуд карданд.
Дар ин бора Александр Савчук, раҳбари маркази матбуотии гурӯҳи “Марказ” ба РИА “Новости” хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар минтақаи Торский ва хоҷагии ҷангали Серебрянск полки мототирандозӣ бо дастгирии экипажҳои артиллерӣ ба гурӯҳҳои ҳамлагари баталони 44-уми тирандозии артиши Украина ва бригадаи 5-уми нерӯҳои Гвардияи миллии кишвари ҳариф зарба заданд.
“Ҳавопаймоҳо ба ҳайати шахсӣ ва техникаи бригадаи 67-уми артиши Украина, постгоҳи фармондеҳӣ, нуқтаи назоратӣ ва анбори лавозимоти ҷангии Украина ҳамла кард. Душман беш аз 250 нафар низомиён, ду танк, ду мошин ва гаубитсаи 152-мм Мста-Б-ро талаф дод”, — гуфт Савчук.
Ҳамзамон Воҳидҳои нерӯҳои ҳавоии Русия дар соҳили рости Днепр бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишини “Лансет” як истгоҳи радарӣ ва як гаубитсаи худгарди М109 Paladin-и Украинаро нобуд карданд.
Вазорати дифои Русия инчунин хабар дод, ки артиллеристони ҳавзаи низомии “Ғарбӣ” бо истифода аз гаубитса як истгоҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самти Купянскро нобуд карданд.
Дар ин самт як талоши ҷобаҷоии низомиёни украинӣ бо истифода аз боду ҳаво ба ҳам зада шуд.
“Душман инро ба нафъи худ истифода бурданӣ буд, вале барор нагирифт. Гурӯҳи зиреҳпӯши мо бо системаҳои назоратӣ ин ҳаракатро ошкор карда, як мошини боркаш ва то даҳ тан ҳайати шахсиро бо оташ аз мили 30 миллиметрии БМП-2 нобуд кард",- афзуд вазорати дифоъ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи ҷумъа вазорати дифоъи Русия хабар дод, ки дар як ҳафтаи охир талафоти душман дар ин самт беш аз 1100 нафар низомиёнро ташкил додааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, низомиёни рус ҳамчунин чаҳор танк, се мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, 17 мошин ва ду тӯпхонаи саҳроиро нобуд кардаанд.
Дар ин муддат дар самти Купянск бошад, талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 425 нафар низомиён, 5 танк, аз ҷумла як "Леопард", 11 мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, 12 мошин ва се тӯпхонаи саҳроиро ташкил додааст.
Ёдовар мешавем, ки Русия сар аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ӯ ахиран дар гуфтугӯи мустақимаш изҳор дошт, ки сулҳ замоне дар Украина фаро хоҳад расид, ки Русия ба ҳама аҳдофи гузоштаасш даст меёбад.