Ӯзбекистон ба Афғонистон барқи бештар медиҳад

Ширкати барқрасонии Афғонистон (Брешно) эълом кардааст, ки қарордоди воридоти барқ аз Ӯзбекистон ба кишвар тамдид шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 дек – Sputnik. Ширкати барқрасонии Афғонистон гуфтааст, ки хоҳони афзоиши барқи воридотӣ аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Қарордоди тамдиди барқи воридотӣ аз Ӯзбекистон ба Афғонистон дар ҷараёни сафари Муҳамадҳанифи Ҳамза, раис гумошташудаи толибон барои раёсати “Брешно” ба Тошканд имзо шудааст.
Ин раёсат гуфтааст ки раиси “Брешно” дар дидор бо Ҷурабек Муҳаммадов, вазири энергетикаи Ӯзбекистон дар бораи афзоиши сатҳи барқ, коҳиши тарофаи барқ, ҳали мушкилоти виза барои коркунони ширкати барқ пружаи барқи сурхони пулихумрӣ суҳбат кардааст.
Ёдовар мешавем, ки харидорони асосии барқи Тоҷикистон ин ҷумҳуриҳои Афғонистону Ӯзбекистон мебошанд.
Тоҷикистон аз содироти нерӯи барқ ​​чӣ қадар даромад гирифт?
Ба иттилои Кумитаи омор аз моҳи январ то сентябри соли 2023 кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 4,8% бештар даромад гирифт.
"Соли 2022 ба маблағи 99,8 миллион доллар нерӯи барқ ​​содир шудааст", - таъкид кардааст Оҷонсии омор.
Таъкид шуд, ки содироти нерӯи барқ ба ширкати "Брешно" (Афғонистон) тавассути ду хатти барқии 220 квт ва як хати барқии 110 квт амалӣ гардида истодааст.
Ба Ӯзбекистон дар фасли серобӣ тибқи нақша ҳамасола содироти неруи барқ тариқи ду хатти 500 квт ва ду хатти барқии 220 квт ба роҳ монда мешавад. Ин ҳам бошад то моҳҳои сентябр давом мекунад, гуфтанд масъулини "Барқи тоҷик".