Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Дар Русия мавҷи дуввуми сафарбаркунӣ мешавад ё на: посухи Путин

Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия онҳое, ки аз мавҷи аввал сафарбар шудаанд, хуб мубориза бурда, 14 нафари онҳо Қаҳрамони Русия шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Русия барои ҷалби афзод ба амалиёти вижа ба мавҷи дуюми сафарбаркунӣ зарурат надорад.
Дар ин бора Владимир Путин дар ҷамъбасти сол, ки ҳоло ҷараён дорад, изҳор дошт.
"Сафарбаркунӣ барои чӣ лозим аст? Имрӯз барои ин ягон зарурати лозим нест", - гуфт ӯ.
Сарвари давлат қайд кард, ки ҳангоми сафарбаркунии қисман 300 ҳазор нафар ҷалб карданд.
Пас аз ин мақомот ба ҷалби низомиён дар асоси шартнома гузаштанд. То як рӯз қабл 486 ҳазор кас ба артиш дохил шуд.
Сарвари давлат таъкид кард, ки сафи мардони омода барои дифоъ аз Ватан кам намешавад, ҳамарӯза ба комиссариатҳои ҳарбӣ дар саросари кишвар 1,5 ҳазор нафар ихтиёриён меоянд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин гуфт, кай сулҳ дар Украина фаро мерасад
Вай гуфт, ки то охири сол теъдоди шартномаҳо барои ширкат дар амалиёти вижа то ним миллион хоҳанд расид.
Путин ҳамчунин қайд кард, ки онҳое, ки аз мавҷи аввал сафарбар шудаанд, хуб мубориза бурда, 14 нафари онҳо Қаҳрамони Русия шуданд.
Ҳоло 244 ҳазор нафар дар минтақаи ҷанг қарор доранд, 41 ҳазор нафар бо сабаби расидан ба синни ниҳоии синну сол, вазъи саломатӣ ва дигар сабабҳо ба нафақа баромаданд.